Иштироки Президент дар оғози сохтмонии Колеҷи муҳандисӣ – техникии ноҳияи Нуробод
Душанбе, 27 сентябр (АМИТ «Ховар»)Дар доираи сафари корӣ ба водии Рашт субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази маъмурии ноҳияи Нуробод, шаҳраки Дарбанд нахуст бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба корҳои сохтмонии Колеҷи муҳандисӣ – техникӣ оғози расмӣ бахшид.Ин муассисаи таълимӣ дар асоси фармоиши Раёсати сохтмони асосии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, масоҳати он 3,7 гектар мебошад.Зимни шиносои бо лоиҳаи Колеҷи муҳандисӣ – техникӣ Президенти мамлакат ба масъулин супориш дод, ки шумораи ҷойҳои нишастро дар биноҳои таълимӣ, ҷойҳои нишастро ба 640 нафар расонанд ва бунёди хобгоҳро барои 500 нафар ба роҳ монанд. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки тибқи талаботи бозори меҳнат дар коллеҷи мазкур мутахассисонеро омода кардан лозим аст, ки дар соҳаҳои гуногун фаъолияти босамар дошта бошанд.Дар заминаи ин муассисаи касбомӯзӣ иморатҳои иловагӣ, аз ҷумла ошхонаву маҷлисгоҳ, толори варзишӣ ва таълимӣ сохта шуда, дар он бунёди бунгоҳи тиббӣ, бинои маъмурӣ, китобхона бо утоқҳои корӣ ва хазинаи китоб, синфхонаҳои таълимӣ забонҳои хориҷӣ ва 3 синфхона ва озмоишгоҳҳои илмию техникӣ низ бунёд мегардад.Бинои ҷамъиятӣ аз 2 ошёна, ошхона барои 400 ҷой, дар ошёнаи 2 толори маҷлисӣ, ҳуҷраҳои алоҳидаи санитарӣ, ҳаммом, утоқҳои либоспӯшии мардона ва занона, толори фитнес бо 3 даромадгоҳи алоҳида бунёд карда мешавад.Сарвари давлат бунёди Колеҷи муҳандисӣ техникиро идомаи вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод маънидод карда, таъкид намуд, ки дар кутоҳтарин муҳлат Нуробод ба як шаҳри замонавӣ табдил хоҳад ёфт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






