Иштироки Сарвари давлат дар маросими тӯйи арусӣ ва хатнасури дастаҷамъонаи кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд
Душанбе, 29 сентябр (АМИТ «Ховар»).-Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тӯйи арусӣ ва хатнасури дастаҷамъонаи кӯдакон аз оилаҳои ниёзманди ноҳияи Ховалинг иштирок намуд.Чунонки иттилоъ доданд, ин маросим дар пайравӣ ба даъватҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба амалҳои башардӯстонаю хайрхоҳона аз ҷониби соҳибкорони саховатпешаи ноҳия барои 20 ҷуфти ҷавони навхонадорон ва 70 писарча аз хонаводаҳои ниёзманд барпо шудааст.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳандозони ин маросими хайрия арзи сипос карда, наздикону пайвандони навхонадорон ва писарчаҳои хатнашавандаро бо ин рӯйдоди пурфараҳи рӯзгорашон табрику таҳният гуфт.Аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як ҷуфти навхонадорон ва писарчаҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим гардид. Ҳамчунин ба 23 нафар кӯдакону наврасон ва ҷавонони донишҷӯй, ки аз падар ва ҳам модар ятим мондаанд, кумаки моддӣ расонда шуд. Аз ҷумла, ба ҳар яки онҳо дафтарчаҳои амонатии Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк ва яктогӣ планшет барои аз худ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ ва кор бурдани он дар рӯзгорашон тақдим карда шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






