Истиқболи ҷашни Истиқлол дар ВКД

Сентябрь 6, 2013 10:22

Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). -Субҳи имрӯз, 6 сентябр дар Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба ҷашни таърихӣ ва пурифтихори миллати тоҷик — 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти вазорат, меҳмонон, собиқадорон ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ҷаласаи тантанавӣ оғоз гардид.Пеш аз оғози ҷаласа доктори илмҳои таърих, устоди Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимҷон Искандаров, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Имомқул Бӯриев ва мудири кафедраи фанҳои гуманитарии Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Баҳриддин оид ба ташаккули давлатдории миллии тоҷикон, сиёсати хориҷӣ, иқтисодӣ ва рушду такомули Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият изҳори андеша намуданд.Ҳамчунин сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ баромад намуда, ҳозиринро бо ҷашни Истиқлол муборакбод намуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти ВКД хабар доданд.

Сентябрь 6, 2013 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш