Изҳороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои матбуот оид ба натиҷаҳои мулоқоти СҲШ
Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар»). – Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,Пеш аз ҳама мехоҳам ба суханони миннатдоронае, ки ин ҷо ба мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон, Президенти кишвар Алмазбек Шаршенович Атамбаев барои сатҳи олии ташкили мулоқотамон ва меҳмоннавозии анъанавӣ садо доданд, ҳамроҳ шавам. Ҷониби Тоҷикистон аз мубодилаи афкор оид ба такмили минбаъдаи Созмони ҳамкории Шанхай, масоили муҳими минтақавию байналмилалӣ, ки дар руҳияи эътимодбахш ва созандагӣ доир гардид, қаноатманд аст. Баёнияи сарони давлатҳо дар Бишкек гуфтугӯи судбахши тарафайнро, ки дар мулоқот доир шуд, ҷамъбаст намуд. Дар ин ҳуҷҷати сиёсӣ он мавқеияте ифода шудааст, ки муносиботи байналмилалӣ давраи ҷиддии тағйирёбӣ, афзоиши шумораи омилҳои номуайяниро аз сар гузаронида истодааст, сарони давлатҳо таҳкими минбаъдаи асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ ва нақши ҳамоҳангсозии марказии СММ дар корҳои байналмилалиро ҷонибдорӣ намуданд. Дар ин замина мо бори дигар зарурати ислоҳоти СММ-ро бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти минбаъдаи он эътироф кардем ва бар онем, ки бояд ин раванд бидуни тезонидани он роҳҳои ислоҳоте иҷро шавад, ки ҷонибдории аксар кишварҳои Созмони Милали Муттаҳидро ба даст намеорад. Шояд, қадами устувор дар оянда Нақшаи амалиёт дар солҳои 2013-2017 оид ба татбиқи нуктаҳои Созишнома дар бораи ҳамсоягии бардавом, дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни давлатҳои аъзо гардад. Дар мулоқот Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори зарурати таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди СҲШ то соли 2025 буд. Мо бовар дорем, ки ин масъала, беш аз пеш, муҳим аст. Воқеан, сухан дар бораи мутаносиб намудани фаъолияти Созмон меравад. Соли гузашта дар мулоқоти Пекин мо аллакай Самтҳои асосиеро қабул намудем, ки метавонанд заминаи минбаъдаи Стратегия шаванд. Ҷалби беҳтарин олимон ва коршиносони кишварҳои аъзои СҲШ-ро ба кор оид ба таҳияи лоиҳа муҳим мешуморем. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти анҷомёфта ҳамкории мутақобилаи мақомоти босалоҳияти кишварҳои аъзоро дар соҳаҳои амният, пеш аз ҳама дар мубориза бо терроризми байналхалқӣ, экстремизм ва сепаратизм, ки сол то сол густариш меёбанд, бо қаноатмандӣ қайд намуд.Фикр мекунам, ки ҳамкории самарабахши сохторҳои марбутаи Тоҷикистону Афғонистон дар мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамчунин саҳми мушаххас ба кори якҷояи мо мебошад. Дар рӯёрӯи ҳодисаҳои сиёсии соли 2014 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва баровардани нерӯҳои байналмилалии амниятӣ аз кишвар ин давлати дӯст дастгирии моро интизор аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо давлатҳои дӯсти халқи афғон дар кори барқарор намудани иқтисодиёт ва рушди кишвари ҳамсоя гузоштани ҳиссаи амалии худро бо имконоти мавҷуда идома медиҳад. Дар доираи Созмони мо дар соҳаи иқтисод нақшаҳо ва лоиҳаҳои умедбахш қабул гардидаанд. Муҳим аст, ки татбиқи амалии онҳо таъмин шавад.Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,Аз кори дастаҷамъона анҷомдодаамон дар мулоқоти Бишкек изҳори қаноатмандӣ намуда, мо бори дигар тасдиқ мекунем, ки Тоҷикистон амиқан ба таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷабҳа дар доираи Созмонамон ҳавасманд аст. Раисии Созмони ҳамкории Шанхай дар давраи оянда ба Тоҷикистон гузашт. Аз ин рӯ, барои боварӣ ва ба роҳбарии СҲШ дар давраи оянда интихоб шудани Тоҷикистон мехоҳам миннатдории самии хешро ба ҳама давлатҳои аъзо баён дорам. Бо кӯмак ва дастгирии давлатҳои аъзо, нозирон ва шарикон барои муколама кишвари мо тамоми имконотро барои рушди минбаъдаи СҲШ, кушоиши иқтидорҳои он ва табдил додани минтақаамон ба қаламрави сулҳ, дӯстӣ, ҳамгироӣ, рушди устувор ва ба ҳам мувофиқ равона хоҳад кард.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






