Изҳороти Ш. Колер пас аз мулоқот бо Э. Раҳмон

Сентябрь 12, 2013 13:48

Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари мудирияти Агентии энергетикии Ҷумҳурии Федеролии Олмон Штефан Колер як силсила масоили муҳим баҳри густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Олмон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Штефан Колер баъди мулоқоташ бо Президенти Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки: «Мо бо Эмомалӣ Раҳмон вусъати ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, бахусус энергетикаи таҷдидшаванда ва ҳузури Олмон дар сохтани нерӯгоҳҳои хурду миёна ва бузург дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор додем».Роҳбари мудирияти Агентии энергетики Ҷумҳурии Федоролии Олмон ҳамчунин таъкид кард, ки ба истифода додани нерӯгоҳҳои барқӣ, мисоли нерӯгоҳи барқии Роғун на танҳо ба манфиати иқтисоди Тоҷикистон, балки дар кори ба по хезонидани иқтисоди Афғонистон ва минтақа низ аҳамияти муҳим дорад.Штефан Колер афзуд, ки : «Мавзӯи дигаре, ки мо бо Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ намудем, ин дар мавриди истфодаи босамари қувваи барқ дар Тоҷикистон буд ва дар робита ба ин мо бо намоядагони» Ширкати алюминийи тоҷик» роҳандозии мулоқоти хоссаеро дар нақша дорем ва як омӯзиши Бонки ҷаҳонӣ мавҷуд аст, ки бо амалӣ гардонидани он хароҷоти қувваи барқ дар ин ширкати бузург коҳиш хоҳад ёфт». Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ва Штефен Колер дар мавриди навсозии нерӯгоҳҳои мавҷудаи Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯгоҳи Норак ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.Штефен Колер дар анҷом қаноатмандии худро аз мулоқот бо Президенти Тоҷикистон иброз дошта, изхори боварӣ кард, ки дар оянда ҳамориҳои Тоҷикистону Олмон дар соҳаҳои гуногун, бахусус соҳаи энергетика густариш хоҳанд ёфт.

Сентябрь 12, 2013 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш