Кӯмаки «Амонатбонк» бахшида ба ҷашни Истиқлолият

Сентябрь 3, 2013 15:12

Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бахшида ба ҷашни Истиқлолияти кишвар барои 310 нафар хизматчии ҳарбӣ ба маблағи 52 ҳазор сомонӣ либоси варзишӣ тақдим намуд. 
Ин амал  аз иқдомҳои эҳсонкоронаи  роҳбарияти «Амонатбонк» ва дар амал татбиқ намудани супоришҳои Сарвари давлат мебошад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз сомонаи «Амонатбонк» хабар доданд.

Сентябрь 3, 2013 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш