Кӯмаки шаҳрдорӣ дар остонаи ҷашни Истиқлол

Сентябрь 6, 2013 11:41

Душанбе, 6 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Шаҳрдории Душанбе дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ аз буҷаи пойтахт барои расонидани кӯмаки моддии якдафъаина ба иддае аз табақаи ниёзманди пойтахт беш аз 3 миллион сомонӣ ҷудо намуд. Аз ҷумла, ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ба ҳар кадоме 750 сомонӣ, ба маъюбони рафъи садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо, оилаҳои шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, аз 500 то 700 сомонӣ кӯмакпулӣ дар остонаи ҷашни Истиқлол расонида мешавад. Инчунин шаҳрдорӣ ба 1 ҳазору 310 нафар оилаи сокини пойтахт, ки дар онҳо ду ва зиёда маъюб зиндагӣ мекунанд, ба андозаи 700 сомонӣ кӯмакпулии якдафъаина ироа месозад. Ҳамзамон ба се ҳазору 726 нафар роҳрӯбону фаррошон 500 сомонӣ, ба 142 нафар раисони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт ва 12 нафар раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе 700 сомонӣ кӯмакпулӣ расонида мешавад.

Сентябрь 6, 2013 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш