«Китоб-роҳи ҳамкорӣ ва пешравӣ»- намоиш дар Ашқобод

Сентябрь 26, 2013 11:42

Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- 24 сентябри соли 2013 дар Марказии тиҷоратии шаҳри Ашқобод ҳаштумин намоиши байналмилалӣ таҳти унвони «Китоб- роҳи ҳамкорӣ ва пешравӣ» ифтитоҳ гардид. Дар ин анҷумани бузурги байналмилалӣ намояндагони нашриёти 25 кишвари ҷаҳон ширкат доранд. Матбаачиён ва чопкунандагон, менедҷерҳо, рассомон, шоиру нависандагон аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Нидерландия, Руминия, Венгрия, ИМА, Украина, Ҷумҳурии Молдова, Ҷумҳурии Литва, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Австрия, Олмон, Озарбойҷон ва кишварҳои дигар бо ҳам вохӯрда, мубодилаи афкор намуда, роҷеъ ба комёбиҳои худ гуфтугузор хоҳанд кард. Ҳамзамон китобдорон ва матбаачиёни тоҷик китобҳои гуногуни тозанашри шоирону нависандагони тоҷик, аз ҷумла, асари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Таърихи халқи тоҷик”, китоби Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин «Подвиг Эмомали Рахмона» ба забони туркманӣ, ҳамчунин асари Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов «Растаниҳои доругии Туркманистон» дар ду ҷилд ба забони тоҷикӣ мавриди намоиши иштирокдорон гузошта шуд. Дар ҷараёни ҳаштумин намоиши байналмилалӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Абдураҳим Ашӯр ҳузур дошт.

Сентябрь 26, 2013 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш