КМИО намояндагони Тоҷикистонро даъват кардааст

Сентябрь 20, 2013 09:05

Душанбе, 20 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 6 октябр ду нафар намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири калони Президенти ҷумҳурӣ оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Хурсандмурод Мирзоев ва Дӯстмурод Муродов — мудири шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ ба Озарбойҷон рафта, ба ҳайси нозири байналмилалӣ ҷараёни баргузории интихоботи президентии ин кишварро мушоҳида менамоянд. «Сафари мо ба Озарбойҷон дар асоси даъватномаҳои Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ сурат мегирад», гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Хурсандмурод Мирзоев- мушовири калони Президенти ҷумҳурӣ оид ба сиёсати ҳуқуқӣ. Мавсуф зикр кард, ки дар робита ба омодагиҳо ба интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ниҳоди масъул ва салоҳиятдор вобаста ба баргузории интихобот аст, дар интихоботи президентии Озарбойҷон ягон намоянда ба ҳайси нозир иштирок намекунад. Бояд зикр кард, ки намояндагони Тоҷикистон ҷараёни баргузории интихоботи президентӣ дар Озарбойҷонро дар ҳайати нозирони ИДМ назора менамоянд. Интихоботи президентии Озарбойҷон чоршанбеи 9 октбяри соли равон доир гардида, дар он даҳ номзад барои ноил гардидан ба мансаби президентӣ дар ин кишвар талош менамоянд. Бояд тазаккур дод, ки Комиссияи марказии интихоботи Озарбойҷон аз 21 номзади пешбаригардида танҳо даҳ нафарашро ба қайд гирифтааст, ки онҳо Илҳом Алиев — Президенти феълии Озарбойҷон, роҳбари ҳизби «Йени Озарбойҷон», Ҷамил Гасанлӣ- номзади ягона аз Шӯрои Миллӣ, Иқбол Оғозода- вакили Парлумон, роҳбари ҳизби «Умед», Илёс Исмоилов- раиси ҳизби «Адолат», Сардор Ҷалолоғлу- роҳбари ҳизби Демократӣ, Ораз Ализода- раиси ҳизби сотсиал- демократӣ, Қудрат Ҳасангулиев- вакил, роҳбари ҳизби воҳиди фронти халқӣ, Зоҳид Оруҷ- худпешбар, вакили Парлумон, Фараҷ Гулиев- раиси ҳизби «Эҳёи миллӣ» ва Ҳофиз Ҳоҷиев -раҳбари ҳизби «Муссовоти муосир» мебошанд. Шуруъ аз 16 сентябр дар Озарбойҷон маъракаи тарғиботӣ оғоз гардидааст, ки он се ҳафта тӯл кашида, дар он ҳар як номзад ба мансаби Президенти Озарбойҷон дар назди интихобкунандагон тарғиботу ташвиқот мебаранд. Илҳом Алиев, писари собиқ Президенти Озарбойҷон Ҳайдар Алиев буда, 52 сол дорад. Илҳом Алиев дар интихоботи президентии соли 2003 -ум 76.84% -и овоз ва дар интихоботи соли 2008 -ум 88.73% -и раъйи мардуми Озарбойҷонро соҳиб гардида, даҳ сол инҷониб Сарвари давлати Озарбойҷон аст.

Сентябрь 20, 2013 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд