Консулгарии фахрии Тоҷикистон дар Днепропетровск
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш дар Вазорати корҳои хориҷии Украина бо иштироки Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов маросими ба Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Днепропетровск Виктор Карачун супурдани ҳуҷҷати расмӣ дар бораи эътирофи ваколатҳо баргузор гардид. Сафири Тоҷикистон Шӯҳрат Султонов зимни суханрониаш қайд намуд, ки вилояти Днепропетровск ҳамчун ниҳоди асосии Украина имкониятҳои зиёди иқтисодӣ дошта, соли 2012 муомилоти моли он ба 17 миллиарду 500 миллион доллари ИМА расид. Бо назардошти ин басо муҳим аст, ки равобити иқтисодии вилоят бо Тоҷикистон густариш дода, мутобиқи Созишнома дар бораи ҳамкории минтақавии байни вилояти Днепропетровски Украина ва вилояти Суғди Тоҷикистон истеҳсоли муштараки маҳсулот роҳандозӣ шавад. Виктор Карачун дар навбати худ итминон дод, ки барои фаъолияти муваффақонаи консулгарӣ ва рушди ҳамкории байни вилояти Днепропетровск ва Тоҷикистон ҳамаи чораҳоро хоҳад дид. Барои маълумот: Виктор Иванович Карачун дар Тоҷикистон ба камол расида, баъди хатми донишкадаи олӣ ба ҳайси иқтисоддон кор мекард, алҳол раиси ширкати «Агротехбизнес» — и вилояти Днепроветровск буда, дар кори ҷамоаҳои вилоят фаъолона иштирок мекунад, робитаҳоро бо Тоҷикистон ҳамеша ривоҷу равнақ медиҳад, забони тоҷикиро медонад, мусиқию фарҳанги тоҷиконро дар байни мардум ҳамаҷониба ташвиқу тарғиб мекунад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






