Кўмаки вазорат ба Хонаи кўдакон

Сентябрь 4, 2013 16:45

Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Бахшида ба муносибати 22-юмин солгарди Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Хонаи кўдакони деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик ба маблағи зиёда аз 19000 (нуздаҳ ҳазор) сомонӣ сару либоси мактаби, аз қабили шиму костюм, курта, пойафзол, ҷуроб ва ғайра кўмак расонида шуд.Тавре аз Шуъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд,ин иқдом дар доираи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.01.2008 №АП-467 оид ба расонидани кўмаки доимии моддию молиявӣ ба маъюбону пиронсолон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои камбизоат, хона-интернатҳо ва муассисаҳои иҷтимоӣ охирин набуда, мунтазам амалӣ мегардад.Бояд қайд кард, ки ин муассиса 127 нафар тарбиятгирандагонро фаро гирифта, соли 2013 20 нафар хатмкунандагони он ба муассисањои таълимии таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ дохил шудаанд, ки дар ин мувафақият саҳми Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас мебошад.

Сентябрь 4, 2013 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш