Кушодашавии бинои Раёсат оид ба гуруҳи ноҳияҳои Рашти КДАМ

Сентябрь 25, 2013 14:20

Душанбе, 25 сентябр (АМИТ «Ховар»).-Дар маркази ноҳияи Рашт бинои сеошёнаи Раёсат оид ба гуруҳи ноҳияҳои Рашти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт.Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба шароити мавҷудаи ин бинои маъмурӣ шинос гардида, ба сифати корҳои сохтмони баҳои баланд дод. Бинои мазкур аз 28 утоқи кори иборат буда, ҳамчунин дорои ошхона, маҷлисгоҳ барои 60 ҷойи нишаст ва толори хурди варзишӣ мебошад. Сарвари давлат ба масъулин супориш дод, ки ҷойҳои нишастро дар толори маҷлисгоҳ зиёдтар намуда, ба 120 расонанд. Дар ошёнаи сеюми бинои мазкур барои кормандони мақомоти амният 12 хонаи истиқоматии дуҳуҷрагию якҳуҷрагӣ сохта шудааст.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сентябрь 25, 2013 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш