М. Асрорӣ: «Аз истиқлол то истиқлол дастовардҳои назаррас дорем»
Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Миллати сарбаланд ва соҳибтамаддуни тоҷик ҳамакнун 22- юмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон — Тоҷикистонро ҷашн мегирад. Имрӯзҳо тамоми мардуми шарифи тоҷик бо пуштибонӣ аз сиёсати санҷидаву хирадмандонаи роҳбарияти олии кишвар ва дар шароити орому осоишта бо ғайрат ва азму иродаи қавӣ машғули бунёдкорист, то ҷашни камолоти даврони навини хешро бо дастовардҳои навин таҷлил намояд. Имрӯзҳо дар тамоми вазорату идораҳо пешравию тараққиёт зиёд ба чашм мерасад, ки ҳамаи ин самарии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст. Ба ин хотир бо мақсади то куҷо амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат дар соҳаи фарҳанг дар давраи аз истиқлол то истиқлол хабарнигори АМИТ «Ховар» бо вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ мусоҳиба орост, ки фишурдаи онро пешкашатон мегардонем:- Президенти кишвар дар Паёми худ ба МО ҶТ соли гузашта зикр намуд, ки маоши кормандони соҳаи фарҳанг аз сентябри соли 2012 ба ҳадди 30 фоиз зиёд карда шавад, имсол низ тибқи дастури Президенти мамлакат маоши кормандони соҳа ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шуд. Ин нуқта дар соҳаи фарҳанг то кадом андоза татбиқ гардида истодааст?-Вақте ки сухан дар бораи зиёдшавии музди меҳнат меравад, пеш аз ҳама аз Паёми Президент мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми апрели соли 2011 ёдовар мешавем. Дар Паёми навбатии худ Ҷаноби Олӣ вобаста ба нишондиҳандаҳои асосии рушди иқтисодиёт маълумот дод. Вобаста ба ин, ҳаҷми маблағгузории хароҷоти маош дар буҷети давлатӣ бояд ба 8-9 фоизи маҷмўи маҳсулоти дохилӣ расонида шавад. Ин имконият медиҳад, ки дар давраи миёнамўҳлат маоши кормандони ташкилотҳои буҷетиро зиёда аз ду баробар баланд бардорем. Баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар доираи имкониятҳои молиявии буҷети давлатӣ маоши вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетии соҳаи фарҳанг зиёд карда мешавад. Аз 1 сентябри соли 2011 ба андозаи 40 %, аз 1 сентябри соли 2012 ба андозаи 50 % ва аз 1 сентябри соли ҷорӣ ба андозаи 20% зиёд карда шудаанд, зиёдшавии музди меҳнат дар соҳаи фарҳанг пурра татбиқ шуда истодааст.-Дар давраи аз истиқлолият то истиқлолият кадом барномаҳои давлатӣ дар соҳаи фарҳанг амалӣ шуданд, ки ба рушди соҳа мусоидат кунанд? -Дар самти татбиқи “Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» ҳамасола ба тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ сафари «Корвони китоб» анъана гардидааст. Чунончи, тибқи барномаи мазкур аз 25 май то 28 июни соли 2013 “Корвони китоб” 20 958 нусха китобро ба тамоми китобхонаҳои кишвар ба таври ройгон дастрас намуд, ки маблағи умумии онҳо 156 306 сомониро ташкил медиҳад. Бо мақсади амалӣ намудани “Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли электронии рўзномаи “Баҳори Аҷам” ташкил ёфт, ки он дар айни ҳол ба фаъолият шуруъ намудааст. Ҷиҳати иҷрои банди 22-юми Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, дар давраи аз сентябри соли 2012 ва 6 моҳи аввали соли 2013 3000 нусха китоби интишорнамудаи муассисаҳои нашриявии тобеи вазорат ба таври ройгон ба марказҳои фарҳангии тоҷикон дар хориҷи кишвар ва сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо ва ирсол карда шуд, ки арзиши умумии онҳо зиёда аз 55 000 сомониро ташкил медиҳад.-Дар ин давра баҳри дастгирии муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо чӣ корҳо анҷом дода шуданд? -Вазорати фарҳанг дар доираи татбиқи амалии “Барномаи компютерикунонии муассисаҳои давлатии нашриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2013”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, иҷрои Нақшаи чорабиниҳои татбиқи барномаро таъмин намуд. Мутобиқ ба бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои мазкур дар давоми солҳои 2010-2013 барои муассисаҳои давлатии нашриявии ҷумҳурӣ ба маблаѓи умумии 1 295 848 сомонӣ, дар маҷмуъ 280 компютер, 98 принтер, 86 сканер, 154 диктофон, 76 дастгоҳи суратгирии рақамӣ харидорӣ ва тақсим шуданд. Вазорат ҳамчунин ҷиҳати омўзиши тарзи истифодаи компютер дар доираи иҷрои бандҳои дахлдори Барнома ташкили курсҳои кўтоҳмуддати минтақавиро барои кормандони идораҳои рўзномаҳои вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявии кишвар таъмин намуд.Дар айни ҳол дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Корхонаи воҳиди давлатии “Иттиҳодияи истеҳсолии матбааҳои ВМКБ”, рўзномаи вилоятии “Бадахшон”, 8 рўзномаи шаҳриву ноҳиявӣ, дар вилояти Суғд Корхонаи воҳиди давлатии “Иттиҳодияи истеҳсолии матбааҳои вилояти Суѓд”, матбааҳои шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Ашт, Мастчоҳ, Б. Ғафуров, Ҷ. Расулов, Истаравшан, се рўзномаи вилоятӣ, 18 рўзномаи шаҳрию ноҳиявии давлатӣ, дар вилояти Хатлон Корхонаи воҳиди давлати “Иттиҳодияи истеҳсолии матбааҳои вилояти Хатлон”, Корхонаи воҳиди давлати “Иттиҳодияи истеҳсолии матбааҳои шаҳри Кўлоб”, Муассисаи давлатии нашриявии “Навиди дўстӣ”, се рўзномаи вилоятӣ ва 26 рўзномаи шаҳриву ноҳиявӣ, дар ноҳияҳои тобеи марказ Матбааи шаҳраки Ғарм, Корхонаи таҳририю матбааи шаҳри Турсунзода ва 18 рўзномаи давлатӣ фаъолият доранд.Ҳамчунин бо мақсади бо таҷҳизоту технологияи ҳозиразамони чопӣ таъмин кардани матбааҳои вилояти Хатлон дар соли равон 900 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. — Ба муносибати рӯзи “Шашмақом” кадом корҳоро ба анҷом расондидед? -Имсол тибқи нақшаи кории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аз 10 то 12-уми май Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар расми ифтитоҳи он, дар Театри давлатии академии опера вабалети ба номи С.Айнӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуд, ки худ шаҳодат ва бозгўи таваҷҷўҳи беандозаи роҳбарияти давлат ва ҳукумат нисбат ба ин осори гаронмояи мусиқии классикии мо мебошад. Боиси зикр аст, ки дар ҷашнвораи имсола ҳунарварони мумтози мақомсаро аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо ҳунару маҳорати нотакрори худ ширкат варзида, ба фестивал шукуҳу шаҳомати хосса бахшиданд. Дар доираи Симпозиум олимони шинохтаи санъатшиноси тоҷик ва хориҷи кишвар оид ба вазъ ва рушду равнақи Шашмақом дар марҳилаи кунунии таърихӣ ибрози андеша карданд.Рўзи 11-уми май дар Донишкадаи давлатии санъати ба номи М.Турсунзода консерти муштараки донишҷўён ва сарояндаҳои Озарбойҷон, Эрону Афғонистон доир гардид.Худи ҳамон рўз, пас аз зуҳр дар толори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ҳамчунин консерти муштарак баргузор шуд. Рўзи 12 май дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷўраев ба ифтихори Рўзи Шашмақом консерти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, устод Ҷўрабек Набиев барпо карда шуд. Бегоҳии ҳамон рўз маросими пўшидашавии Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» ва супоридани мукофоту тўҳфаҳои хотиравӣ сурат гирифт.Чунин чорабиниҳо минбаъд ҳам доир гашта, дар инкишоф ёфтани «Шашмақом» саҳм хоҳанд гузошт. -Дар кадом кишварҳо шумо Рӯзҳои фарҳанг гузаронидед ва минбаъд гузарониданиед? — Бо мақсади нишон додани фарҳангу тамаддун ва санъати волои тоҷикон дар саросари дунё Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар кишварҳои дунё барномаҳои ҳунарии ҳунармандони гуногуни мамлакатро ба роҳ монд, аз ҷумла дар Рўзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 29 июн то 5 июли соли 1998 иштирокчиён 200- нафар, Ҷумҳурии Федеративии Олмон аз 12 то 19 сентябри соли 2000 –ум, ки дар он 68 нафар иштирок доштанд, Федератсияи Русия аз 5 то 9 октябри соли 2005 иштирокчиён 191- нафар, дар шаҳри Парижи Фаронса (ЮНЕСКО) аз 11 то 15 октябри соли 2005 бо иштироки 70 – нафар ва дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон баргузор намуда, дар оянда низ гузаронидани чунин нақшаи чорабиниҳо дар Украина, Қазоқистон ва Чин дар назар дошта шудааст.Мусоҳиб Зарангези Латиф








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






