Муҳоҷират ва тандурустӣ

Сентябрь 6, 2013 11:05

Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова). – Бо ибтикори Созмони байналмилалии муҳоҷират, Хадамоти муҳоҷират, Вазорати тандурустии ҶТ ва бо дастгирии молиявии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид 5 сентябр дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ семинари кормандони хадамот аз рӯи масоили муҳоҷират ва тансиҳатӣ баргузор гардид. Мақсад аз ин чорабинӣ афзун намудани донишҳои кормандони Хадамоти муҳоҷират дар бахши масоили вазъи эпидемиологии кишвар ва ғайра буд. Иштирокдорони семинар мақоми Хадамоти муҳоҷират дар татбиқи барномаю стратегияҳои миллӣ ҷиҳати вусъат бахшидани тансиҳатии муҳоҷиронро мавриди муҳокима қарор доданд.

Сентябрь 6, 2013 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш