Мулоқот дар ВКХ

Сентябрь 16, 2013 11:06

Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов Вакили махсуси Сарвазири Зеландияи Нав Ҷеймс Болҷерро ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни сӯҳбат, ки дар вазъияти дӯстона сурат гирифт, аз рӯи масоили вазъу дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои мухталиф мубодилаи афкор баргузор гардид. Ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкории ҳар ду кишвар дар арсаи ҷаҳон ва масоили дигари дорои аҳамияти ҷаҳонию минтақавиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Сентябрь 16, 2013 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш