Мулоқоти Д. Саидов бо намояндагони КИА СММ
Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади муҳокимаи масъалаҳо дар хусуси таҳияи ҳисобот оид ба баҳодиҳии омодагии Тоҷикистон ба татбиқи низоми Шарикии давлат ва бахши хусусӣ (ШДБХ), ки дар доираи барномаи Комиссияи иқтисодии Аврупои Созмони миллали муттаҳид (КИА СММ) амалӣ мешавад, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо гуруҳи намояндагони комиссияи мазкур мулоқот намуд.Д. Саидов зикр кард, ки кумита бо мақсади рушди самти мазкур чораҳои назаррасро анҷом додааст. Дар ин раванд, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ” дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд таҳия шуда, 28 декабри соли 2012 қабул гардид. Қонуни мазкур барои татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам овард. Зикр ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2013 ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ муайян гардида, Шўро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шудааст. Ҳамаи ин дар маҷмуъ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ сиёсати давлатиро дар ин самт ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи шарикии давлат ва бахши хусусиро дар кишвар амалӣ мегардонад.Роҳбари гуруҳи мутахассисони КИАСММ Артур Смит зикр намуд, ки мутахассисон дар айни замон дар марҳалаи анҷомёбии корҳои омодасозии ҳисобот барои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва дар назар аст, ки он моҳи ноябри соли 2013 ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардад. Зикр шуд, ки дар доираи семинари навбатие. ки дар рўзҳои 17-18 сентябри соли ҷорӣ баргузор гардид, натиҷаҳои асосии ҳисоботи КИА СММ оид ба баҳодиҳии омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи низоми шарикии давлат ва бахши хусусӣ пешниҳод шуданд. Инчунин коршиносони комиссия семинари омӯзиширо оид ба ҷанбаҳои калидии соҳа (ба монанди асосҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сохтори самаранок ва вазифаҳои он, таҷрибаҳои татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ ва ғайраҳо) баргузор намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






