Мулоқоти Д.Саидов ва О. Кунио

Сентябрь 5, 2013 10:30

Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Раиси Кумитаи давлатии амволи ҶТ Давлаталӣ Саидов ва директори Пажӯҳишгоҳи ҷопонии таҳқиқи иқтисодиёти Русия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Окада Кунио доираи васеи масоили марбут ба муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Ҷопон, ҳамкории дуҷониба дар бахши сармоягузорӣ, ҳамчунин самтҳои фаъолияти Кумитаи амволи давлатиро мавриди муҳокима қарор доданд. Раиси Кумита ба меҳмон дар бораи саъю кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистон ба манзури беҳдошти вазъи сармоягузорӣ, самтҳои асосии фаъолияти Кумита, аз ҷумла, дар бахшҳои гидроэнергетика, сайёҳӣ ва истифодаи канданиҳои фоиданок, ҳамчунин истифодаи маблағҳои хориҷӣ муфассал нақл кард. Окада Кунио дар навбати худ бинобар нахустсафараш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда, перомуни фаъолияти Пажӯҳишгоҳ, ҳамчунин фаъолияти Анҷумани оид ба ҳамкории тиҷоратии Ҷопон бо Русия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муфассал сухан ронд. Директори Пажӯҳишгоҳ ҳамчунин зикр намуд, ки мардуми Ҷопон ва сармоягузорони ин кишвар ҷонибдори рушду густариш бахшидани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Тоҷикистон мебошанд.

Сентябрь 5, 2013 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш