Мулоқоти Н.Зоҳидов бо Патритсия Флор

Сентябрь 30, 2013 11:19

Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар»). – Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов дар шаҳри Ню – Йорк бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Патритсия Флор мулоқот анҷом дод.Дар ҷараёни мулоқот масоили рушди минбаъдаи ҳамкории байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ҳамчунин вазъияти минтақа ва масоили дигаре, ки диққати тарафайнро ба худ ҷалб менамоянд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Сентябрь 30, 2013 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш