Мулоқоти Низомиддин Зоҳидов бо Иёд Маданӣ

Сентябрь 28, 2013 10:03

Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- 26 сентябри соли 2013 дар Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ дар Ню-Йорк мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо Дабири кулли мунтахаби Созмони ҳамкории исломӣ Иёд Маданӣ баргузор гардид. Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ, авлавиятҳои кишвари мо дар чаҳорчӯби фаъолиятҳои созмони мазкур ва масъалаҳои дигари минтақавӣ баррасӣ шуданд. Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Дабири кулли нави Созмони ҳамкории исломӣ дар иҷрои вазифаи пурмасъулияташ орзуи муваффақият намуд.

Сентябрь 28, 2013 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш