Мулоқоти Низомиддин Зоҳидов бо Клиф Слоан

Сентябрь 27, 2013 09:37

Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- 26 сентябри соли 2013 дар Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ дар Ню-Йорк муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо Ёвари Котиби давлатии ИМА дар масъалаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Роберт Блейк ва Фиристодаи вижаи Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар масъалаҳои боздоштгоҳи Гуантанамо Клиф Слоан вохӯрд. Дар мулоқот масоили муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону ИМА мавриди муҳокима қарор гирифта, омодагии тарафайн ба идома ва густариши бештари ҳамкорӣ байни ду кишвар таъкид гардид.

Сентябрь 27, 2013 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш