Мулоқоти Оқил Оқилов бо Директори генералии ширкати гази Пекин
Душанбе, 6 сентябр.(АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрўз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо Чжен Чзяншен — Директори генералии Ширкати Пекини Ҷумҳурии халқии Чин оид ба истеҳсоли ҳисобкунакҳои газӣ, ки яке аз ширкатҳои зертобеаш Гўруҳи байналмилалии саноатии «Кетлон» лоиҳаи муштараки дигаргунсозии корхонаи бузурги саноатии мамлакат «Тоҷикисемент»-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ менамояд, мулоқот кард. Тавре таъкид шуд, аз ҷониби Гўруҳи байналмилалии саноатии «Кетлон»-и Ҷумҳурии халқии Чин дар айни замон барои аз истифодаи гази табиӣ ба истифодаи ангишт гузаштани корхонаи «Тоҷиксемент» корҳои такмилсозӣ дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дошта, рўзҳои наздик навбати аввали лоиҳа бо иқтидори 600 тонна семент дар як шабонарўз мавриди амал қарор дода мешавад ва бо ҳамин фаъолияти корхонаи «Тоҷиксемент» бо ангиштсанг шўруъ мегардад. Дар мулоқот аз ҷониби ширкатҳои Ҷумҳурии халқии Чин дар мавриди бунёди корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли ҳисобкунакҳои барқӣ ва ба фаъолият бо ангиштсанг гузаронидани марказҳои барқу гармидиҳии хурди Тоҷикистон изҳори омодагию ҳавасманӣ зоҳир карда шуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






