Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири беҳдошти умумии Қатар

Сентябрь 26, 2013 16:46

Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- 24 сентябри соли 2013 мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Ардашер Қодирӣ бо Вазири беҳдошти умумии Давлати Қатар Абдулло Холид Ал-Қаҳтонӣ сурат гирифт. Зимни суҳбат Сафири Тоҷикистон ба Вазири қатарӣ маълумоти муфассал оид ба вазъи тандурустӣ, сатҳи таълими тиббӣ, савияи хизматрасонӣ, маҳорати табибони тоҷик манзур намуда, пешниҳод кард, то Давлати Қатар дар ташкили семинарҳои муштарак, курсҳои таълимӣ ва ба роҳ мондани таҳқиқоти илмӣ ҳамкорӣ намояд. Вазир Абдулло Холид ал-Қаҳтонӣ ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Қатарро мусбат арзёбӣ намуда, омодагии Вазорати беҳдошти умумии Давлати Қатарро барои дарёфти роҳу василаҳои нав ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт. Ҳарду ҷониб бо изҳори қаноатмандӣ аз мулоқот ва суҳбатҳои судбахш таъкид намуданд, ки баҳри боз ҳам таҳким ёфтани ҳамкориҳои минбаъда талош меварзанд.

Сентябрь 26, 2013 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш