Мулоқоти Сарвари давлат бо фаъолони ноҳияи Нуробод
Душанбе, 26 сентябр (АМИТ «Ховар»).-Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва сокинони нохияи Нуробод мулоқот намуда, дастовардҳои ноҳия ва рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додАз ҷумла таъкид намуд, ки бо мақсади таъмин намудани тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Нуробод дар давоми солҳои истиқлолият аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ қариб 356 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.Инчунин дар доираи амалисозии чор лоиҳаи сармоягузории баанҷомрасида дар соҳаи маориф ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, се лоиҳаи сармоягузорӣ дар бахшҳои энергетикаву роҳсозӣ ва рушди кишоварзӣ, ки татбиқи онҳо идома дорад, беш аз 124 миллион сомонӣ азхуд карда шудааст.Зикр карда шуд, ки барои суръат бахшидан ба корҳои ободонии ноҳия аз ҷониби Ҳукумати мамлакат «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Нуробод барои солҳои 2013-2017» қабул гардида, тибқи он анҷом додани як силсила чорабиниҳои созандаи навбатӣ ба нақша гирифта шудаанд.Аз ҷумла, дар доираи татбиқи амалии барномаи мазкур сохтмони 18 мактаби таҳсилоти умумӣ, 12 маркази саломативу бунгоҳҳои тиббӣ, мактаб-интернат ва коллеҷи муҳандисиву техникӣ, иншооти обу корези ноҳия, толори маҷлисгоҳ, боғ ва кохи фарҳанг, китобхона, инчунин толору майдончаҳои варзишӣ пешбинӣ шудааст.Дар ин замина Президенти кишвар доир ба татбиқи барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Нуробод, таъмини ҳадафҳои боло бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, ки дар натиҷаи меҳнати содиқона ва ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ ба вуҷуд меоянд, дастуру ҳидоятҳо дод. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ раҳмон бо назардошти имконоти табиии мавҷуда ва шароити фаррохи соҳаи кишоварзиро махсус таъкид намуда, доир ба рушди боғдорӣ ва зиёд намудани масоҳати кишту истеҳсоли картошка тавсеаҳои муфид дод.Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба суолу дархостҳои мардум посухҳои мушаххас дода, дар назди масъулин барои оянда дастуру супоришҳо дод.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






