Мулоқоти вазири корҳои дохилӣ бо Сафири Олмон дар Тоҷикистон
Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ«Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Вохӯрии вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳолгер Грэн дирӯз дар Душанбе доир гардид.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, хусусан ҷиноятҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, терроризм ва экстремизм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Инчунин тарафҳо лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар соҳаи мубориза бо ҷинояткориро мавриди муҳокима қарор дода, изҳори умед карданд, ки пас аз имзои лоиҳаи Созишномаи мазкур ҳамкориҳои ташкилию амалӣ дар сатҳи баланди касбии дуҷониба ба роҳ монда хоҳанд шуд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






