Муроҷиати 9951 шаҳрванд ба Хадамоти муҳоҷират

Сентябрь 13, 2013 13:29

Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова).- Аз 1 январ то 30 августи соли 2013 — 9 951 нафар шаҳрванд ба бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ ва зерсохторҳои таркибии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуданд. Аз ҷумла, ба бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ 2682 нафар, ки аз онҳо 1514 нафар шифоҳӣ, 77 нафар хаттӣ ва 1091 нафар аз тариқи телефони боварӣ муроҷиат кардаанд.Дар давраи ҳисоботӣ ба бахши мазкур 77- нафар шаҳрванд бо аризаҳои хаттӣ ба унвонии сардори Хадамоти муҳоҷират оид ба напардохтани музди меҳнат, бедарак гаштани хешовандони наздик ва баргардонидани онҳо ба ватан муроҷиат намуданд.Тавре ки мудири бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ Дӯстмурод Умбаров иброз дошт: “Кормандони бахш аризаҳои шаҳрвандонро дар якҷоягӣ бо Намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Федератсияи Русия дар муҳлатҳои муайяншуда баррасӣ намуда, аз натиҷааш ба муроҷаткунандагон ҷавоб гардониданд». Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сентябрь 13, 2013 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш