Мусобиқаи ҳарбию техникӣ байни наврасон

Сентябрь 30, 2013 09:30

Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҶТ мақсад дорад 15 октябри соли равон бозии ҳарбию варзишии «Шафақ»-ро байни хонандагони синфҳои болоии мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе баргузор намояд. Ин чорабинӣ дар доираи Барномаи давлатии тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ ва рушду нумӯи намудҳои ҳарбию амалии варзиш байни наврасону ҷавонони синни даъватӣ ва то даъватии ҶТ барои солҳои 2012-2015» гузаронида мешавад. Мақсади баргузории он ҷалби ҷавонон ва наврасон ба намуди ҳарбию техникии варзиш буда, ҳамчунин ҷиҳати омода намудани онҳо барои хизмат дар сафҳои қувваҳои ҳарбии ҶТ мусоидат хоҳад кард.  Мусобиқа дар майдони варзишии ТҶММ гузаронида шуда, ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида мешаванд. Тавре ки аз дафтари матбуоти ТҶММ ҶТ хабар доданд, мусобиқаи мазкур мусобиқаи анъанавӣ буда, он ҳар сол моҳи октябр гузаронида мешавад. Иштирокчиёни мусобиқа аз рӯи намудҳои турниккашӣ, давидан ба масофаи 100 метр, сафороӣ, пӯшидани ниқоби зиддигазӣ, ба қисмҳо ҷудо кардани яроқҳо, тирандозӣ аз масофаи 10 метр қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Сентябрь 30, 2013 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш