Мусобиқаи муҳорибаи ҷанги дастӣ миёни ҷавонон дар Хуҷанд

Сентябрь 27, 2013 11:34

Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар» Фарзона Ашӯрмадова).- Имрӯз, 27-уми сентябр дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мусобиқаи ҷумҳуриявии муҳорибаи ҷанги дастӣ миёни наврасону ҷавонон ва калонсолон доир мегардад. Дар мусобиқа варзишгарони вилояти Хатлон, Суғд, ВМКБ, шаҳри Душанбе, водии Рашт ва шаҳру навоҳии тобеи марказ байни ҳам барои ба даст овардани зинаҳои ифтихорӣ талош хоҳанд кард.Масъулини мусобиқаи мазкур ҷоизадоронро пагоҳ, 28-уми сентябр бо туҳфаҳо ва нишонаҳои ифтихорӣ сарфароз хоҳанд кард.

Сентябрь 27, 2013 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш