Мусодираи маводи нашъаовар

Сентябрь 4, 2013 10:50

Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Анна Мощенко). – Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни амалиёти фаврӣ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд шаҳрванди 26 – соларо бо гумонбари гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир намуданд. Зимни муоинаи озмоишгоҳӣ маълум шуд, ки маводи нашъаовари мусодирашуда иборат аз як килограмму панҷсад грамм тарёк будааст.Аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.

Сентябрь 4, 2013 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш