Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар Сочи

Сентябрь 6, 2013 10:43

Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Рӯзҳои 20 – 23- юми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия баргузории намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии Чумҳурии Точикистон дар назар дошта шудааст. Гуфта мешавад, ки дар ярмаркаи мазкур ҳайати расмии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ширкат намуда, барномаҳои ҷолиби консертӣ, ҳунарҳои мардумӣ, инчунин хӯрокҳои миллии тоҷикон ва маҳсулоти меваю сабзавоти тозаро ба намоиш мегузоранд. Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ дар тӯли ин чанд рӯз нишон додани санъат ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳамчунин маҳсули тозаю табиии кишвари мо мебошад.

Сентябрь 6, 2013 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш