Намоиши «Шайхурраис Абӯалӣ Ибни Сино»

Сентябрь 25, 2013 10:53

Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).- Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ намоиши театрии «Шайхурраис Абуалӣ Ибни Сино» баргузор мегардад. Намоиши мазкур аз ду қисмат иборат буда, коргардони он Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ, Убайдулло Раҷабов мебошад. Нақши Синоро ҳунарпешагон А. Мирраҷабов ва П. Аюбӣ иҷро намуда, Марям Исоева, Ҳунарпешаи халқии кишвар ва С. Муҳаббатова дар нақши Озода ҳунарнамоӣ мекунанд. Ҳамчунин дар ин намоиш ҳунармандон М. Достиев ва С. Юсуфов ҳунарнамоӣ мекунанд. Намоши мазкур соати 17:00 оғоз меёбад.

Сентябрь 25, 2013 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш