Натиҷаи рӯзи аввали мусобиқаи байналмилалӣ
Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). -Тавре ки иттилоъ дода будем, 18 сентябри соли 2013 дар пойтахти ҷумҳурӣ мусобиқаи байналмилалии тирандозӣ аз яроқи пневматикӣ бо иштироки дастаҳои мунтахаби созмонҳои мудофиавӣ ва варзишию техникии кишварҳои Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Қирғизистон ва Қазоқистон оғоз гардид. Котиби матбуотии Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҶТ Абдурақиб Қодиров хабар дод, ки дар рӯзи аввали мусобиқа аз рӯи машқи ВП-6 ҷои якумро варзишгар аз Қирғизистон Исмоилов Руслан бо 1732 хол, ҷои дуввумро варзишгари тоҷик Ёров Далер бо 1718 хол ва ҷои сеюмро Заморкин Александр бо 1639 хол ишғол кард. Аз рӯи машқи МП-6 ҷои аввал насиби варзишгари рус Алексей Никулин гардид. Вай бо 547 хол аз варзишгари қазоқ Максиз Мазина, ки соҳиби 534 хол гардида, ҷои дуввумро ишғол кард, пештар мебошад. Ҷои сеюмро бо 524 хол варзишгари рус Абдураҳмонов Марат ишғол намуд. Имрӯз мусобиқаро варзишгарзанон идома хоҳанд дод. Занони варзишгар аз рӯи тирандозӣ бо яроқи пневматикӣ ва туфанг қувваозмоӣ хоҳанд кард. Қодиров Абдурақиб иттилоъ дод, ки рӯзҳои баргузории мусобиқа дастаҳо дар нимаи аввали рӯз дар толорҳои варзишии Клуби ҷумҳуриявии варзиши тирандозии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваозмоӣ намуда, дар нимаи дуюми рӯз меҳмонон аз ҷойҳои тамошобоби пойтахт, аз қабили Осорхонаву Китобхонаи миллӣ, Боғи Парчами миллӣ дидан хоҳанд кард. Мусобиқаи байналмилалӣ рӯзи шанбе ҷамъбаст гардида, дастаи ғолиб аз рӯи холҳои дар рафти мусобиқа ба даст оварда муайян хоҳад гашт.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






