Наврасони Тоҷикистон бозии аввалро мусовӣ карданд

Сентябрь 23, 2013 11:09

Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар»). – Дастаи футболбозони навраси Тоҷикистон дар вохӯрии аввали даври интихобии мусобиқоти Осиё дар гурӯҳи «А», ки 21 сентябр дар Ал – Кувейт баргузор гардид, бозиро бо дастаи мунтахаби Ҳиндустон бо ҳисоби як бар як мусовӣ намуд. Имрӯз, 23 сентябр, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо футболбозони Бутон вомехӯрад.Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Сентябрь 23, 2013 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш