Наврасони Тоҷикистон дар мусобиқоти Осиё иштирок намекунанд

Сентябрь 30, 2013 11:18

Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-16) дар вохӯрии охирини бозиҳои интихобии мусобиқоти Осиё – 2014 дастаи Лубнонро бо ҳисоби панҷ бар сифр мағлуб сохта ва бо 7 хол дар гуруҳи «А» ҷойи дуюмро ишғол намуд, вале ин барои иштирок дар қисми ниҳоии мусобиқоти Осиё кифоят накард. Дар ин гуруҳ футболбозони Кувейт дастаи мунтахаби Ҳиндустонро бо ҳисоби ду бар як мағлуб сохта, ба мусобиқоти Осиё роҳхат пайдо намуданд.

Сентябрь 30, 2013 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш