Нишасти корӣ бахшида ба Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013

Сентябрь 26, 2013 16:47

Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- 25 сентябри соли 2013 бо ибтикори Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк нишасти корӣ бахшида ба Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013 баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов ҳозиринро мухтасар бо натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об (20-21 августи 2013, Душанбе) шинос намуд. Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов зимни суханрониаш дар ин чорабинӣ қайд кард, ки Конфронси Душанбе саҳми шоистае дар татбиқи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва идомаи мантиқии силсилаи ҳамоишҳои бахшида ба об, ки дар давоми сол дар Сарагоса, Абузабӣ, Париж, Ню-Йорк, Гаага ва Чангмай баргузор гардида буданд, мебошад. Дар нишаст инчунин Сарвазири Фиҷи, Муовини Дабири кулл ва роҳбари ниҳоди СММ-Об (UN Water), муовини Дабири кулл ва Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) ва як гуруҳ намояндагони кишварҳои аъзои СММ ва роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ баромад намуда, омодагии худро ҷиҳати пешбарӣ ва татбиқи масъалаҳои об дар рӯзномаи рушди баъди соли 2015 таъйид карданд.

Сентябрь 26, 2013 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш