Низоми нави назорат дар роҳҳои Душанбе
Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – Ба фикри иштирокдорони семинари дурӯза, ки дар шаҳри Душанбе анҷом ёфт, дар пойтахти кишвар ҷорӣ намудани низоми нави назорат ва ҷудо намудани роҳҳои ҳаракати нақлиётии ҷамъиятӣ сифати ҳаракати нақлиётро хеле беҳтар намуда, мушкилоти танбашавии нақлиёти ҷамъиятиро аз байн мебарад.Дар ин бора менеҷери лоиҳаи «Дастгирии идораи устувори нақлиёт дар шаҳри Душанбе» Умеда Ҳоҷиматова ба АМИТ «Ховар» хабар дод. Мувофиқи суханони Умеда Ҳоҷиматова, ин иқдоми муҳим дар доираи лоиҳаи зикршуда роҳандозӣ шуда, дар татбиқи он роҳбарони ҳамаи корхонаҳои воҳиди давлатии бахши нақлити ҷамъиятӣ, намояндагони ҳукумати пойтахт, мутахассисони Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти илмии нақлиёт, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, Агентии меъморию шаҳрсозӣ ва созмонҳои дигари манфиатдор фаъолона иштирок намуданд. Иштирокдорони семинар аз рӯи натиҷаи рӯзи аввал масоили ҷорӣ намудани низоми нави назорат ва дурнамои рушди хадамоти назорат аз нигоҳи баланд бардоштани сифати хидматрасонии назоратчиёну операторони ширкатҳои мусофирбари шаҳрро мавриди муҳокима қарор доданд. Хотирнишон месозем, ки мақсад аз лоиҳаи «Дастгирии идораи устувори нақлиёт дар шаҳри Душанбе» кам кардани миқдори партовҳои моддаҳои ифлоскунанда мебошад, ки он дастрасӣ ва сифати хидматрасонии нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанберо беҳтар месозад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






