Оғози боздиди Сарвари давлат аз ноҳияи Спитамен
Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Аз ноҳияи Ашт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Спитамен омад.Дар ноҳияи Спитамен Президенти кишвар нахуст ба интернати наздимактабӣ барои ятимону бепарасторон ва кӯдакон аз оилаҳои ниёзман ташриф оварда, аз ҳоли ин дӯстрӯякон хабар гирифт.Зимни боздид ва шиносоӣ бо шароити интернат, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки имсол бинои он бо тариқи ҳашар ва кумакҳои хайрия мавриди тармими куллӣ қарор гирифта, аз нав ободу зебо шудааст. Бино якошёна буда, аз 12 утоқи хоб, утоқҳои машғулиятҳои фаннӣ ва толори маҷлисӣ иборат аст.Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар тарбиятгирандаи интернат кӯмаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла либосҳои зимистона ва дафтарчаҳои амонатӣ аз Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк бо 1000 сомонӣ пасандоз барои ояндаашон тақдим гардид. Тавре зикр гардид, дар ин муассисаи иҷтимоӣ 30 нафар кӯдакони синни мактабӣ, ки 3 касаш ятимони бепадару модар мебошанд, бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо рафти навсозии роҳҳои маркази ноҳияи Спитамен бевосита шинос шуд. Чунонки зикр гардид, то имрӯз аллакай 4 км навсозӣ шудааст ва тайи чанд рӯзи дигар боз 3 км дигар ҳам нав мешавад.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ин кор дар дигар роҳҳои маҳаллии ноҳия ҳам бояд марҳила ба марҳила идома дода шавад.Хотиррасон бояд намуд, ки солҳои охир бо талабу супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва хусусан дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд навсозии роҳҳои маҳаллӣ авҷи тоза пайдо намудааст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






