Оғози сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Суғд
Душанбе, 14 сентябр (АМИТ «Ховар»).-Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ифтитоҳи як зумра иншооти истеҳсолӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ва ҳамчунин шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба вилояти Суғд ташриф овард.Сафари корӣ ба вилояти Суғд бо боздид аз шаҳри Чкалов оғоз ёфт. Дар маҳаллаи нави ин шаҳри овозадори саноатӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ бинои истиқоматии дорои 46 хона барои омӯзгорони Мактаби Президентӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Тавре аён гардид, дар ин бино 46 омӯзгор соҳиби хонаҳои барҳавои истиқоматӣ гардиданд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз чанд хонаи ин бино дидан карда, ба сифати корҳои сохтмон ва ороиш баҳои баланд дод. Шодию фараҳи омӯзгоронро аз ин туҳфаи пурарзиши Сарвари давлат ҳадду канор нест, зеро дар воқеъ соҳиби хонаи нав шудан рӯйдоди басо муҳим дар ҳаёти ҳар як оила аст.Чунонки иттилоъ доданд, ин бино аз хонаҳои як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат буда, бо харҷи 6 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ дар заминаи бинои чорошёнаи нимсохт бунёд ёфтааст.Дар ин бино беш аз 90% омӯзгорони мактаби Президентии шаҳри Чкалов соҳиби хонаҳои хизматӣ шуданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорони хуштолеъро бо ин рӯйдоди пурфараҳ табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки минбаъд сохтмони чунин биноҳо барои кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ идома хоҳад ёфт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






