Ошкор кардани гуруҳи нашъаҷаллоб дар Суғд
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (АНМН) хабар доданд, кормандони Раёсати агентӣ дар вилояти Суғд дар рӯзҳои ид, фаъолияти гуруҳи ҷинояткоронро, ки дар ҳудуди вилоят ба фурӯши маводи нашъадор машғул буданд, қатъ намуданд.Дар вақти гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ 3 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки дар ҳудуди вилоят ба фурӯши маводи нашъаовари навъи ҳашиш машғул буданд, дастгир шуданд. Яке аз дастгиршудагон хонандаи синфи 11-уми гимназияи шаҳри Хуҷанд буд.Зимни гузаронидани чорабиниҳои иловагии фваврию ҷустуҷӯӣ муайян гардид, ки ташкилотчии гуруҳ сокини 34-солаи шаҳри Чкаловск буда, соли 2010 барои содир намудани ҷиноят бо моддаи 247 «қаллобӣ» КҶ ҶТ УК РТ суд шудааст. Ҳамзамон дар вақти азназаргузаронии мошини роҳбари гуруҳи мазкур аз дохили он низ маводи нашъаовари ҳашиш ёфт ва мусодира гардид.Аз рӯи ҳодисаи мазкур нисбат ба иштирокчиёни гуруҳи нашъаҷаллоб бо моддаи 200, қисми 3 КҶ ҶТ «муомилоти маводи нашъаовар бо мақсади фурӯш» парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Тафтишот идома дорад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






