Озмун — намоишгоҳи рассомони ҷавонони Суғд

Сентябрь 6, 2013 11:04

Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар»). – Дар арафаи 22 – умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурияти Тоҷикистон дар факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров озмун — намоишгоҳи рассомони ҷавон баргузор гардид.Дар озмун, ки бо дастгирии Намояндагии Бунёди «Пажӯҳишгоҳи таҳқиқи АвруОсиё» дар Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд доир гардид, беш аз 80 асари рассомони ҷавон ба маърази намоиш гузошта шуд. Мавзӯи асосии асарҳои рассомони ҷавон иборат аз тарбияи ахлоқию ватандӯстонаи насли ҷавон мебошад, ки он барои ҳаёти маънавию фарҳангии ҷомеа аҳамияти зиёд дорад.Аз рӯи натиҷаи озмун асарҳои се нафар омӯзгорон ва нӯҳ нафар донишҷӯён офаридаҳои беҳтарин дониста шуданд.

Сентябрь 6, 2013 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш