Пайкараи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон дар Минск

Сентябрь 16, 2013 11:03

Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар»). – Бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Беларус ва бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус чанде пеш дар мактаби миёнаи рақами 35 — уми шаҳри Минск маросими ботантанаи ифтитоҳи пайкара ва осорхонаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Домулло Азизов баргузор гардид. Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қозидавлат Қоимдодов барои дастгирии ибтикори гузоштани пайкараи қаҳрамон ва кӯмак ҷиҳати татбиқи ин лоиҳа изҳори миннатдорӣ намуд. Қозидавлат Қоимдодов ба иштирокдорони чорабинӣ хабар дод, ки имсол дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо ба ифтихори 70 – умин солгарди ғалабаи халқи шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ масъалаи дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Соли собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ эълон намудани соли 2015 – ум мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар ин чолрабинӣ кормандони вазорату муассисаҳои Ҷумҳурии Беларус, корпуси дипломатӣ, суди иқтисодии АвруОсиё, намояндагони ваколатдори давлатҳои аъзои ИДМ, кумитаи иҷроияи шаҳри Минск, собиқадорони ҷангу меҳнат, намояндагони ҷамоаҳои Тоҷикистон, кормандони бахши маориф ва мактабиён ширкат доштанд.Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ба мухбири махсуси АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Сентябрь 16, 2013 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш