Парлумон ба қонуни Буҷети давлатӣ тағйирот ворид месозад

Сентябрь 12, 2013 10:43

Душанбе, 12 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон доир шуд, баррасӣ гардид. Сафаралӣ Раҷабов -раиси кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон зимни тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонуни номбурда, афзалиятҳое, ки дар Паёми Президенти кишвар ба Парлумон ироа гардидааст, ба инобат гирифта шудаанд. Аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи монополияҳои табиӣ», «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ», «Дар бораи чарогоҳ», ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро матраҳ намуданд. Ҳамзамон дар ҷаласа Мактуб-созишномаи грантии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба Лоиҳаи «Беҳтар намудани саломатии модар ва кӯдак тавассути рушди алоқаи нақлиётӣ» баррасӣ шуд.10.38.

Сентябрь 12, 2013 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш