Парлумон ду санади байнидавлатиро ба тасвиб хоҳад расонд

Сентябрь 30, 2013 14:30

Душанбе, 30 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба таъмини транзити амволи низомӣ ва афсарони ин кишвар аз Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистонро Парлумони мамлакат имрӯз дар ҷаласаи Шӯро баррасӣ кард. Ҳамзамон аъзои Шӯро Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Русия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро матраҳ намуданд. Созишномаи мазкур, ки 18 сентябри соли равон аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумон пешниҳод гардидааст, мақом ва шартҳои будубоши калонтарин пойгоҳи низомии Русияро дар Тоҷикистон ба танзим медарорад. Интизор меравад, ки фардо ин санади байнидавлатӣ аз ҷониби вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон -Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расонида хоҳад шуд.13.50.

Сентябрь 30, 2013 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш