Р. Зойиров боз мардумро ба иштибоҳ бурданист

Сентябрь 11, 2013 09:13

Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар»). — Бо изҳороти раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров, ки 9 сентябри соли 2013 дар сомонаҳои интернетӣ чоп гардида, дар он сухан дар бораи шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия ва ҳуқуқи онҳо барои ҷонибдории номзади пешбаришаванда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон меравад, шинос шуда, изҳор менамоям, ки гуфтаҳои Р. Зойиров асоси воқеъӣ надоранд.Бояд тазаккур дод, ки КМИР дар якҷоягӣ бо раисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёда аз як сол инҷониб масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор додааст. Дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби масъулини ҷамоатҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо рӯйхати шаҳрвандоне, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, тартиб дода шудааст. Дар натиҷа миқдори умумии муҳоҷирони меҳнатӣ муайян гардиданд, ки шумораи онҳо тақрибан аз 800 то 900 ҳазор мебошанд.Даъвои раиси ҲСДТ Р. Зойиров, ки ба шаҳри Москва сафар карда маълумот ба даст овардааст, ки гӯё шумораи умумии муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Россия зиёда аз якуним миллион аст, беасос мебошад. Зеро тибқи маълумоти аз мақомоти марбутаи давлатӣ ба КМИР расида теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ дар моҳҳои октябр-ноябр хеле кам мегардад. Чунки қисми зиёди муҳоҷирони мо мавсимӣ сафар карда, баробари фаро расидани фасли сармо ба Ватан бармегарданд. Аз ин рӯ, ваҷҳи изҳорот оид ба он, ки гӯё имрӯзҳо беш аз якуним миллион интихобкунандаи тоҷик дар қаламрави Россия кору фаъолият дошта бошанд, асоси воқеъӣ надорад. Мутобиқи моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», бланкаҳо бо имзоҳои шаҳрвандон оид ба дастгирии номзад ба мансаби Президент аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо тасдиқ карда мешаванд. Ҳамзамон, тибқи талаботи банди 5 моддаи 24 қонуни зикршуда, «ҷамъоварии имзои шаҳрвандон ба тарафдории номзади пешбаришаванда мувофиқи тартиб ва муҳлате, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муқаррар кардааст, сурат мегирад».Мувофиқи муқаррароти зикргардидаи Қонун, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо Қарори худ аз 31 августи соли 2013 тартиб ва мӯҳлати ҷамъоварии имзои шаҳрвандон ба тарафдории номзади пешбаришавандаро муайян намуд. Р. Зойиров, ки худ ҳуқуқшинос мебошад, бояд бо хубӣ донад, ки моҳияти аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо тасдиқ кардани бланкаҳои имзоҷамъкунӣ аз чӣ иборат аст. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ бояд тибќи талаботи ќонунгузорї сурат гирад ва ҳеҷ кас имконият надошта бошад, ки бо бланкаҳои қалбакӣ ва тасдиқнашуда чи тавре хоҳад ҳамон тавр имзо ҷамъоварӣ намояд. Ба самъи Р. Зойиров мерасонем, ки қонунгузор имконияти берун аз сарҳади Тоҷикистон ҷамъоварии имзоҳо ва аз ҷониби дигар сохтору мақомотҳо, ғайр аз раисони шаҳру ноҳияҳо тасдиқ кардани бланкаҳоро пешбинӣ накардааст. Мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки вазъи ҳуқуқии роҳбарони сафоратхонаҳо, консулгариҳо ва консулҳои фахриро муайян кардааст, онҳо дорои чунин салоҳият набуда, ваколати раисони шаҳру ноҳияҳоро иваз карда наметавонанд. Ҳангоми имзоҷамъкунӣ дар хориҷи кишвар эҳтимолияти ба тақаллубкорӣ ва қонуншиканӣ роҳ додан зиёд аст. Илова ба ин имконияти таъсиррасонии қувваҳои беруна дар хориҷи кишвар зиёд буда, ба изҳори озодонаю ихтиёрии иродаи интихобкунандагон таъсир мерасонад.Дар баробари ин, тибқи қонун имзоҷамъкунӣ дар ҷои истиқомати доимии интихобкунанда бояд сурат гирад. Хотиррасон менамоем, ки КМИР дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ, Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ доир ба масъалаи таъмини иштироки ҳарчи бештари шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст. Агар дар интихоботи Парламентии соли 2010 дар 8 шаҳри калонтарини Россия участкаҳои интихоботӣ ташкил шуда бошанд, пас дар интихоботи имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст, ки дар Федератсияи Россия 22 участкаи интихоботӣ таъсис дода шаванд. Ба андешаи мо, ҳизбҳои сиёсии дар Тоҷикистон фаъолияткунанда ва дигар субъектони дахлдор ба моҷароҷӯӣ ва ҳангоматалабӣ роҳ надода, баръакс дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд фаъолона ширкат варзида, барои шаффофу демократӣ, мутобиқ ба талаботи қонунгузории амалкунандаи кишвар ва стандартҳои байналмилалӣ баргузор гардидани ин чорабинии муҳими сиёсӣ саҳм гузоранд.Додоев А.М.-Роҳбари Дастгоҳи КМИР

Сентябрь 11, 2013 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад