Рақс ҳам дониш аст
аз баргузории «Рӯзи Дониш» дар Коллеҷи хореографӣ
«Мактаб даргоҳи аз худ кардани донишу
маърифат, одобу маданият ва тарбияти
ахлоқи ҳамида мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Воқеан «Мактаб даргоҳи аз худ кардани донишу маърифат, одобу маданият ва тарбияти ахлоқи ҳамида мебошад, зеро дар ботини ҳар як наврасу ҷавон тарбия кардани ҳисси инсондӯстиву накӯкорӣ, ба камол расонидани насли бо нангу номус ва соҳибмаърифату соҳибкасб, дар зеҳну шуури кӯдакону наврасон густариш додани худогоҳиву хештаншиносӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ, инчунин ташаккули чаҳонбинии васеъ ва расидан ба қадри арзишҳои неки маънавию ақлонии миллӣ аз мактаб сарчашма мегирад», зикр намуд Президенти кишвар дар ифтитоҳи бинои иловагии мактаби №56 дар шаҳри Душанбе.
Бо чунин роҳнамоии Президенти кишвар «Рӯзи Дониш» дар Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова оғоз гардид. Зикр шуд, ки «Маҳз ба ҳамин хотир, Давлату Ҳукумати кишвар масъалаи бо донишҳои мукаммалу муосир мусаллаҳ гардонидани хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, касбомӯзони омӯзишгоҳу коллеҷҳо ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакатро вазифаи доимӣ ва аввалиндараҷаи фаъолияти худ медонад».
«Бузургони мо фармудаанд, ки дониш чароғи ақл, қуввати дил ва сарвати азимест, ки инсонро азизу муътабар мегардонад».
Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова беш аз даҳ сол аст, ки ба фаъолият машғул мебошад. Дар ин боргоҳи ҳунару маърифат даҳҳо нафар мутахассисони варзида ва шоиста кору фаъолият мекунанд. Гарчанде ки донишомӯзони ин коллеҷ беш аз 130 нафар ҳастанд, иқтидори касбиву ихтисосии он чашмгир аст. Ниссо Кавракова, Искандар Раҷабов, Нигина Маҳкамова ва чанде дигарон аз чеҳраҳои шинохтаи ин соҳа мебошанд. Ҳамакнун дар коллеҷ чанд устоди хориҷӣ низ сабақ медиҳад, ки мояи ифтихор аст.
Суханваре гуфта:
Нишони зиндагӣ рақс аст, рақс аст,
Ки норақсандагӣ нақс аст, нақс аст,
Биё, то бандаи рақсанда бошем,
Биё, рақсандагони банда бошем.
Барои ҳамин аст, ки пойкӯбӣ, рақс, ҳаракати мавзун, дар фарҳанги оинӣ аст, ниёиш аст, рақс ҳамоҳангӣ аст бо зарби оҳангҳои ҳастӣ.
Дар бахши ифтитоҳии «Рӯзи дониш» суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод. Профессор Сафар Сулаймонӣ бо намояндагӣ аз Вазорати маорифи Чумҳурии Тоҷикистон, намоядагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чанде меҳмонони дигар сухани табрикотӣ гуфтанд. Сипас, хонандагони коллеҷ порчаҳо аз ашъори классикон ва шоирони муосир хонданд. Муаллимон ва омӯзгорон низ ба суханони табрикӣ ва таҳнияту офарин ба хонандагон муроҷиат карданд. Саҳнача, рақс, супоридани калиди дониш ва садои занги аввал ва дарси сулҳ яке аз дигар чорабиниҳои ин ҳамоиши ҷашни дониш буд ва хеле гуворо, пурбаракат ва омӯзанда.
Суханронии мустақими Президенти кишвар аз тариқи ТВ намоиш дода шуд ва ҳама онро тамошо карданд
Сафар Сулаймонӣ
Академияи таҳсилоти Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






