Роҳзанӣ дар пойтахт

Сентябрь 12, 2013 15:03

Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова).- 11-сентябр дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи ШВКД дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе шаҳрванд Саидов Ҳабибулло Давлатович, соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар роҳзанӣ дастгир карда шуд. Номбурда рӯзи 9 сентябр дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Поснелова Лигита Сергеевна, сокини шаҳри Душанбе аз ӯ бо роҳи зӯроварӣ ва таҳдиди корд 1 адад гарданбанди тиллоӣ, 1 адад дастмонаи нуқрагин ва 1 адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг»-ро, ки арзиши умумиашон 1000 доллари амрикоиро ташкил медод, тасарруф намудааст. Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти ВКД хабар доданд.

Сентябрь 12, 2013 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш