Сӯхтор дар нуқтаи маводи сӯзишворӣ
Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова).- 15 cентябри соли равон дар мағозаи хусусии қисмҳои эҳтиётии нуқтаи фурӯши маводи сӯзишвории ҶДММ «Сайдалӣ», воқеъ дар деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ, ки ба соҳибкор Шокиров Сайдалӣ, сокини ноҳияи Восеъ тааллуқ дорад, дар масоҳати 12 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омад. Дар натиҷаи сӯхтор қисмҳои эҳтиётӣ ва ашёву анҷоми мағоза сӯхта нобуд шудааст, ки зарари расида 3200 сомониро ташкил дод.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти ВКД хабар доданд, сабаби сӯхтор, ин вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми холӣ кардани гази моеъ аз мошини тамғаи «КАМАЗ» буд. Гунаҳкори ҳодисаи сӯхтор- ронандаи мошини мазкур Сайфулло Ғазалов, сокини ҳамин ноҳия мебошад. Ҳангоми хомӯш кардани сӯхтор бадани ронанда Ғазалов С. 40 % ва фурӯшандаи нуқтаи фурӯши маводи сӯзишворӣ Сайдалии Сайвалӣ 30 % сӯхта, онҳо дар беморхона бистарӣ гардиданд. Бо кӯшиши оташнишонон сӯхтор безарар гардонида шуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






