Сафари дастаи ҷавонони футболи Тоҷикистон ба Эрон

Сентябрь 30, 2013 10:56

Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон то синни 19 барои идомаи омодагиҳои даста барои иштироки навбатӣ дар мусобиқоти Осиё, ки дар гуруҳи «D» қарор дорад, ба Эрон сафар кард.Тавре ки дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, ҳайати дастаи ҷавонони кишвар аз 30 нафар: 23 бозингар ва 7 нафар мураббию аъзои гуруҳ иборат аст.Ёдрас мешавем, ки баргузории мусобиқаи Осиё миёни ҷавонони то 19-сола дар гуруҳи «D» аз 8-ум то 12-уми октябри соли равон дар варзишгоҳи «Шаҳид Баҳонар»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон доир мегардад. Рақибони футболбозони тоҷик дастаҳои Эрон, Арабистони Саудӣ ва Ливан мебошанд ва дастаҳо рӯзҳои 8,10 ва 12-уми октябр дидор анҷом хоҳанд дод.

Сентябрь 30, 2013 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш