Семинар аз рӯи масоили тансиҳатии муҳоҷирон

Сентябрь 25, 2013 11:16

Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова). – Бо ибтикори Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон ва зимни ҳамкорӣ бо Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ ва Вазорати тандурустии ҶТ 26 сентябр дар шаҳри Хуҷанд семинар аз рӯи масоили тандурустии муҳоҷирон баргузор мешавад.Тавре ки аз Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз доир намудани семинар баланд бардоштани мақоми Хадамоти муҳоҷират дар татбиқи тадбирҳо ба манзури беҳдошти тансиҳати муҳоҷирон мебошад. Дар семинар масоили ҳамкории байни Хадамоти муҳоҷират, марказҳои вилоятӣ оид ба ҷилавгирии СПИД, муборизаи зидди бемории сил, ҳамчунин Маркази дармонгоҳии бемориҳои пӯст ва хадамоти нақлиётӣ барои беҳдошти дастрасии муҳоҷирон ба иттилооти профилактикӣ, ҳамчунин беҳдошти хидматрасонии тиббӣ ба муҳоҷирон мавриди муҳокима қарор мегиранд. Семинар дар ҳошияи лоиҳаи «Ҷилавгирии ВИЧ байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дар Тоҷикистон» бо дастгирии молиявии Барномаи рушди СММ ба ҳайси кӯмаки Бунёди ҷаҳонии мубориза бо СПИД, бемориҳои сил ва вараҷа дар Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад.

Сентябрь 25, 2013 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш