Семинари омӯзишӣ барои раисони комиссияҳои ҳавзавӣ
Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ бо иштироки раисони комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.Дар чорабинии мазкур инчунин масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.Дар семинари омӯзишӣ раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, узви КМИР Нурулло Маҳмадуллоев ва роҳбари дастгоҳи КМИР Абдуманнон Додоев дар мавзуъҳои тайёрӣ ба баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби ташкили участкаҳои интихоботӣ ва комиссияҳои участкавии интихоботӣ, доир ба фаъолияти комиссияҳои поёнии интихоботӣ, тартиб додани рӯйхати интихобкунандагон дар участкаҳои интихоботӣ ва барои шиносоии умумӣ пешниҳод намудани рӯйхатҳо ва таъминоти моддиву техникии комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ маърӯзаҳо карданд.Ш. Шоҳиён аз ҷумла таъкид намуд, ки ҳайатҳои комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ бояд аз ҳисоби кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва собиқадорон бошад, то ба фаъолияти беғаразонаи онҳо шубҳа намонад.Ҳамчунин диққати иштирокдорони семинари омӯзишӣ ба масъалаҳои таҳия ва тасдиқи нақшаҳои кории комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ, тайёр намудани шиору овезаҳо доир ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории ҷаласаҳои комиссияҳои поёнии интихоботӣ ва сари вақт баррасӣ намудани масъалаҳои ба онҳо дахлдор, масъалаи тартиб додани рӯйхати алоҳидаи муҳоҷирони меҳнатӣ ҷалб карда шуд.Инчунин дар ҷараёни семинари омӯзишӣ аз ҷониби иштирокдорон доир ба баъзе масъалаҳои дигари вобаста ба амилисозии чорабиниҳои дар нақшаи тақвимӣ муайянгардида фикру андешаҳои судманд иброз гардиданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






