Шиносоии Президент бо ҷараёни таълим дар литсейи ноҳияи Ҷиргатол
Душанбе, 26 сентябр (АМИТ «Ховар»).Дар маркази ноҳияи Ҷиргатол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти муассисаи таълимии давлатии литсейи хонандагони болаёқат шинос шуд.Литсейи мазкур дорои шароити мусоиди таълимӣ буда, дар он хонандагон аз рӯйи фанҳои физика, химия, забонҳои русӣ, англисӣ ва техникаи компютерӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.Дар литсей 175 нафар хонанда таҳсил намуда, дар он имкониятҳои донишомӯзӣ сол то сол васеъ мегардад.Президенти мамлакат дар синфхонаи омӯзиши забони русӣ бо хонандагон мулоқот намуда, онҳоро барои омӯзиши ҳар чи бештари донишҳои замонавӣ ҳидоят намуд. Тавре маълум гардид, сатҳи дониши хонандагони ин муассисаи таълимӣ хеле баланд буда, ба онҳо мутахассисони соҳибтаҷриба таълим медиҳанд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки барои таъмини озмоишгоҳи муассисаи таълимии давлатии литсейи хонандагони болаёқати ноҳияи Ҷиргатол бо дастгоҳу таҷҳизоти наву замонавӣ ва фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоиди таълимӣ тадбирҳои муҳимро амалӣ намоянд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






